Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – НИШОНАИ ОЗОДИВУ САОДАТИ МИЛЛАТ — HHDT

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – НИШОНАИ ОЗОДИВУ САОДАТИ МИЛЛАТ

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғуртаи Душанбе”-и Филиали КВД “Тоҷиксуғурта” дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Парчам — рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ” соати сиёсӣ баргузор гардид. Дар соати сиёсии мазкур Раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдуллозода Музаффар ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок доштанд. Абдуллозода Музаффар қайд намуд, ки «моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он такдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, сулҳу суббот ва вахдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд ва дар он рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон Парчам қабул карда шуд».

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин соати сиёсӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва бузургдошти парчами миллӣ дар зеҳну вуҷуди ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028