Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Аксияи иттилоотӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи садоқат ва истиқлолияти миллӣ” дар шаҳри Душанбе — HHDT

Аксияи иттилоотӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи садоқат ва истиқлолияти миллӣ” дар шаҳри Душанбе

     Воқеъан Парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъкоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму оиниҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон неруву қудрати созандагӣ мебахшад.

Бо ин мақсад аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аксияи иттилоотӣ “Парчам – рамзи садоқат ва истиқлолияти миллӣ” дар кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд.

       Дар доираи аксияи мазкур маводҳои иттилоотӣ (брошюра) шириниҳо, парчамҳои рӯйимизӣ, нишони сари синагӣ ба сокинону меҳмони пойтахт тақсим карда шуд.

         Мақсад аз баргузории аксия пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, пос доштани марзу бум ва муқаддасоти миллӣ мебошад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028