Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ОЗМУН: “РАССОМИ БЕҲТАРИН” — HHDT

ОЗМУН: “РАССОМИ БЕҲТАРИН”

Дар асоси барқияи Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 15.11.2021, №92 бахшида ба “Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон” дар ноҳияи Шоҳмансур озмуни “Рассоми баҳтарин” миёни муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории омзуни мазкур ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони соҳибистеъдод ва лаёқатманд буда, ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва расидан ба қадри Ватан-Модар мебошад

. Озмун миёни гурӯҳҳои муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз синфҳои 1 то 4 ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз синфҳои 5 то 9 барои ҳар се зинаҳои иштирокчӣ аз рӯйи шартҳои алоҳида баргузор карда шуд.Барои иштирокчиёни ҳар се зинаи довталаб дар озмуни “Рассоми беҳтарин” ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм пешниҳод гардид. Ғолибони иштироки дар ҳар се зинаҳои муайян гардида бо маблағҳои пулӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардиданд.

Даври ноҳиявии озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон ба даври шаҳрии он пешниҳод кардашуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028