
Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии кишвар» баргузор гардид.
Дар он Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Латифзода Асрор Қурбон, Раиси Кумитви иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод, Директори муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Холиқзода Абдураҳим Ғафор, собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Адолат Раҳмонова, Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир, сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт, фаъолони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Сараввал Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим Холмурод конференсияро ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳизбиёни пойтахтро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Сипас бо камоли эҳтиром риштаи сухан ба Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Латифзода Асрор Қурбон дода шуд, ки дар баромади худ иброз дошт: Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад.
Парчами озодӣ ва соҳибдавлатии халқи тоҷик дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, баъдан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд, ки имсол ба ин санаи муҳим ёздаҳ сол пур мешавад.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Баъдан, Холиқзода Абдураҳим Ғафор – Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Парчами давлатӣ — рамзи худшиносии миллӣ ва сиёсӣ”, Адолат Раҳмонова – собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши таърихии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдат”, Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир –Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қироати шеърҳо дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода – сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми конференсия миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аксияи иттилоотӣ ва тақсими шириниҳо баргузор гардид. Дар рафти аксияи варақаҳои иттилоотӣ оид ба таърихи Парчами давлатӣ, шириниҳо парчамҳои сарисинагӣ ва рӯйи мизӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт тақсим карда шуд.