Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ОЗМУНИ “РАССОМИ БЕҲТАРИН” БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — HHDT

ОЗМУНИ “РАССОМИ БЕҲТАРИН” БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Рассоми беҳтарин” таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз” миёни кӯдакон ва наврасони муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия баргузор гардида истодааст.

Имрӯз даври якуми озмуни мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ байни хонандагони синфҳои 5-ум ва 9-уми муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин озмун ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони соҳибистеъдод ва лаёқатманди муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва бо ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва расидан ба қадри Ватан-Модар мебошад.

Ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ бо диплому ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида мешавад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028