
Санаи 16-уми ноябр дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Тоҷикистони навин” конференсияи илмӣ–адабӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Конференсияи мазкур бо иштироки раиси кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Садриддин Ширинбеков, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода, сардори шуъбаи тадқиқоти стратегии Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Қозиев, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Абдулазиз Раҷабов, раиси ташкилоти ибтидоии “Китоб” Содиқи Завқӣ ва вакилону собиқадорони ҲХДТ, роҳбарони кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт, ки шахсияти таърихӣ дар ҷомеаи мо, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва барқарор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ хизматҳои ниҳоят бузургу хирадмандона намуда, дар таърихи давлату миллат як марҳилаи нав ба миён овардаанд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Муҳаммад Ғоиб ва Содиқи Завқӣ дар васфи қаҳрамониҳои Президенти мамлакат аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат намуданд.Тибқи Барномаи конференсия, иштирокдорон оид ба ҷаҳду талошҳо ва хизматҳои бузургу тақдирсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу барқарорӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуданд.