
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии “Парчамбардор”, “Дилсӯз”, “Ноқили талко”, “Референсӣ”, “Урология”,”Назорати энергетика”, “Филармония”, “Соҳибкор”, “Ворисони Сино” ва “Балх” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.Дар суханрониҳо аз нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳотҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.Дар фарҷом чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида, як қатор фаъолон бо сипосномаҳои ҳизбию соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.