Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОФТОБИ БАХТИ ТОҶИКОНИ ДУНЁ — HHDT

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОФТОБИ БАХТИ ТОҶИКОНИ ДУНЁ

Дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмончӣ”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори “Рӯзи Президенти Тоҷикистон” иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ ва муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, вакилони мардумӣ ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд. Гулаҳмадзода Зулфиқор зимни суханронии худ роҷеъ ба ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти самарабахши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли презентатсия маълумот дод. Зикр дошт, ки корнамоиву фидокорие дар масири ватандӯстӣ ва мактаби сулҳофарии абармарди олами сиёсат, нобиғаи барҷастае дар пайроҳаи худшиносиву ҳуввияти миллӣ ва наҷибзодаи башардўсте дар сайёраи замин дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон мактаби омўзиш ва ватансозии камназир аст. Махсусан мавриди баррасӣ қарор додани афкори ҳикматомўз, ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсии Пешвои миллати тоҷик, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамият холӣ набуда, насли нав ва ҷавони миллатро ба сарчашмаҳои аслии маънавии миллат ошно хоҳад кард.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028