
Бахшида ба ифтихори “Рӯзи Президенти Тоҷикистон” Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур раисони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва фаъолони ҳизбиро ба ин санаи фархунда таҳният намуданд. Дар доираи аксияи мазкур таъкид гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон соҳибватани тавонманд, сарфароз ва асилзодаест, ки дар замираш саропо ғурури миллӣ ҳувайдост. Дар ҳама ҷабҳаҳо нияти нек доранд, ботадбиру хирадпешаанд ва бо ин хислати наҷиби худ миллати фарҳангсолори тоҷикро ба сӯйи фардои босаодат ва дурахшон хоҳанд бурд.
“Рӯзи Президенти Тоҷикистон” муборак, хамватанони азиз!