
Ҳамасола дар мамлакат 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва ин барои миллати тоҷик санаи муҳиму муборак мебошад.
Бояд қайд намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намудани он шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву озодӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Воқеан ҳам, қобилияти баланди Эмомалӣ Раҳмон, ҷасорат ва садоқати он кас ба халқи Тоҷикистонро аз буҳрони бузург раҳонид ва миллатро сарҷамъ намуд, ки ин қаҳрамониро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намесозад.
Халқи тоҷик бо роҳнамоии Роҳбари хирадманди худ аз санҷишу имтиҳони сахти таърих сарбаландона гузашт, хатари маҳвшавӣ рафъ гардид, пайи таҳкими пояҳои давлатдорӣ саъю талошу кӯшишҳои беназир сурат гирифт. Роҳбари давлат тавонистанд бо роҳандозии сафарҳои расмию корӣ ба давлатҳои дигар ва суханрониҳо аз минбарҳои баланди ҷамъияту созмонҳои сатҳи байналмилалӣ диду назари ҷаҳониёнро нисбат ба мо-тоҷикон дигар бикунанд.
Имрӯз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ, маъво гирифтан ба дили вай аст, ки хушбахтона ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст. Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургаш дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.
Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд .
Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ қадамҳои фароху фаротар гузошта, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем.
Фазилатпочои Маҳмадюсуф – мутахассиси шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе