
Имрӯз дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аксияи иттилоотӣ таҳти унвони «Садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан» дар ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар аксияи мазкур варақаҳои иттилоотӣ ва нишонаҳои сарисинагӣ бо акси Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон тақсим карда шуд.
Мақсад аз баргузории аксияи мазкур пеш аз ҳама фаҳмонидани корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдориву давлатсозии миллӣ ва бо ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, пос доштани марзу бум ва муқаддасоти миллӣ мебошад.
Чорабинии мазкур бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокчиён аз иқдоми мазкур рӯҳу илҳоми тоза гирифта, даъват ба амал оварданд, ки моро зарур мебошад, дар бари якдигар истода, сиёсати имрӯзаи давлату миллат ва Роҳбари давлатро дар сатҳи баланд дастгирӣ ва иҷро намоем.