Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ТУЛӮИ ХУРШЕДИ БАХТ. Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари сайёра ҳамчун ходими барҷастаи сиёсию давлатии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд — HHDT

ТУЛӮИ ХУРШЕДИ БАХТ. Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари сайёра ҳамчун ходими барҷастаи сиёсию давлатии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бо гузашти вақт ва бо мурури замон бамаротиб бештар возеҳу рӯшану аёнтар мегардад. Зеро он муҳимтарин рӯйдод дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мебошад ва аз ин рӯ дар таърихи миллати куҳанбунёди мо бо ҳуруфи заррин сабт мегардад. Зеро таҳаввулоти азими созанда ва сулҳофарин дар кишвари он замон ҷангзадаи мо ва сарнавишташ номаълум маҳз аз ҳамин иҷлосияи воқеан тақдирсоз оғоз ёфт. Маҳз ба шарофати ҳамин иҷлосияи фаромӯшнопазир ба арсаи сиёсат, ба сари қудрат фарзанди содиқи халқ, Сарвари дурандешу хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд, ки имрӯз дар саросари сайёра ҳамчун ходими барҷастаи сиёсию давлатии сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд.

Мӯҳтавои нахустин суханронии Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Роҳбари давлат метавон чунин баён кард: «Эй мардум, ман ба шумо сулҳ меоварам, зеро ба хиради азалии халқам бовар дорам».

Сарвари давлат рисолати худро маҳз дар ҳамин медиданд ва ин суханон дар Иҷлосияи XVI  чун савганди Пешвои миллат  садо доданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҷонибдории халқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ба савганди худ вафо карданд, бинобар ин халқ эшонро барҳақ Пешвои муаззами миллат ном мебаранд. Хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди халқу Ватан метавон бо хизматҳои фарзандони бузурги миллат — Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ қиёс кард.

Чанде пеш мо дар фазои комил ва сартосарии сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат 30 – солагии Истиқлолияти давлатиеро, ки ҳифзу пойдораш маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI муяссар гардид, ҷашн гирифтем, ки далели боэътимоди аҳамияти таърихии он мебошад.

Бешак, тулӯи хуршеди бахти халқи мо ҳамон рӯз оғоз гардид. Боз ҳаминро гуфтаниам, ки ҳар халқ ва ҳар кишваре дар орзуи чунин Сарвар, чунин Пешво ба мисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028