Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо Эмомалӣ Раҳмон – ба сӯйи фардои дурахшон» — HHDT

Ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо Эмомалӣ Раҳмон – ба сӯйи фардои дурахшон»

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо Эмомалӣ Раҳмон – ба сӯйи ояндаи дурахшон» дар толори Кохи Суруш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Муовини Раиси ҲХДТ муҳтарам Хайринисо Юсуфӣ,  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе — Мирзозода Иброҳим, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва аъзои фаъоли ҲХДТ аз кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт, инчунин афсарону сарбозон ва курсантони муассисаҳои ҳарбию қудратӣиштирок намуданд.

Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас Хайринисо Юсуфӣ — Муовини Раиси ҲХДТ муҳтарам ҳизбиёни пойтахтро ба муносибати Рӯзи Президент шодбош намуда, қайд намуданд, ки шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷод дод, ҷон дар кафи даст мухолифинро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, ба миллат ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молиро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ таҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз ин рӯ, 16-уми ноябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷашн гирифта мешавад, иқдоми некест, ки барои  арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз  заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ заминаи устувор  мегузорад.

Ҳамзамон дар рафти ҳамоиш чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки дар он сарояндагони шинохтани кишвар аз қабили Давлатманд Холов бо суруди “Дили Пешво”, Афзалшо Шодиев бо сурудҳои “Ҷомаи сулҳ” ва “Нанги ватандорӣ”, Зикрулло Ҳакимов бо суруди “Ниёгон”, Лола Азизова бо суруди “Тоҷикистон”, Фаридуншоҳ Иброҳимзода “Меҳрнома” ва Иззат Шарифӣ бо суруди “30 – соли Истиқлолият муборак” иштирок намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028