
16 ноябр ин санаи таърихӣ ва тақдирсоз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли тоҷикони дунё ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.
6 ноябри соли 1994 нахустин бор дар таърихи кишварамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва худи ҳамон сол интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо касби аксари овозҳо ғолиб баромаданд ва маҳз 16 ноябри ҳамон сол чун Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд.
Эътирофи ин шахсият ҳамчун Президенти кишвар, Пешвои миллат, пеш аз ҳама, нишонаи тақвияти эътимод ба фаъолияти шахсиятест, ки шуҷоатманд аст ва иродаи қавӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки ҳамаи тавоноиҳои худро ба сурати комил ба миллат бахшида, сабру мулоҳиза ва бурдбориро пешаи кори хеш медонад. Ӯ нафарест, ки дар хонаводаи марди меҳнатдӯст ба воя расида, то 40- солагӣ дар байни мардумони оддӣ меҳнат ва фаъолият намудааст. Шояд сирри нуҳуфтаи кордонӣ, шуҷоатмандӣ ва маҳбуби халқ будани ин марди дунёи сиёсат дар ҳамин фазилатҳо бошад. Бояд гуфт, ки чунин инсонҳои шарифу шуҷоъ ҳамеша дар вазъиятҳои гуногун сарнавишти мардуми худро ба хубӣ дарк ва муайян намуда, номи неки худро дар зеҳн ва тафаккури мардум барои ҳамеша ҷойгузин мекунанд.
Ӯ шахсест, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷод дод, ҷон дар кафи даст мухолифинро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, ба миллат ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молиро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ таҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби сиёсӣ дорои хусусиятҳои универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта мешавад.
Аз ин рӯ, 16-уми ноябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон «Рӯзи Президент» ҷашн гирифта мешавад, иқдоми некест, ки барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз заҳматҳои Президенти кишвар ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат заминаи устувор мегузорад.

Моро мебояд дар ин рӯзи сарнавиштсозу тақдирсози миллат аз ҳама ҷашнҳо дида зиёдтар хурсандию шукргузорӣ намуда, бо як шукуҳу шаҳомати хосса бо иштироки аҳли оила, фарзандону наберагон таҷлил намоем.
Э.Раҷабзода – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе