Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Садоқат ба Президент – мароми мо ҳизбиён” бахшида ба Рӯзи Президент — HHDT

Ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Садоқат ба Президент – мароми мо ҳизбиён” бахшида ба Рӯзи Президент

Имрӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Садоқат ба Президент – мароми мо ҳизбиён” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Насимҷон, Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 – Холова Р, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Латипов Ш. ва ҷавонони фаъоли пойтахт дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Масъулин дар баромадҳои худ оид ба нақши Президент ва Пешмои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозии миллӣ, 16-ум Шӯрои оилии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Иҷлосияисарнавиштсоз суханронӣ намуданд. Иброз намуданд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта иштирокчиён ба соволҳои худ посух пайдо намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028