Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон пешниҳоди Президенти Тоҷикистонро ягона роҳи наҷоти Афғонистон хонд — HHDT

Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон пешниҳоди Президенти Тоҷикистонро ягона роҳи наҷоти Афғонистон хонд

Алӣ Шамхонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар нишасти амниятии Ҳинд таъкид кард, ки ягона роҳи наҷоти Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама қавму миллатҳои ин кишвар аст, хабар дод дирӯз радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба гузориши хабаргузории «Шафақна»-и Афғонистон.  

Хотиррасон мешаваем, ки ин нишаст 10 ноябр дар Деҳлии Нав бо ширкати ҳафт кишвари минтақа баргузор шуд.

Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон бо ишора ба авзоъ дар Афғонистон гуфт:  «Дар муддати 20 соли охир терроризм,  фақру бадбахтӣ, кишту қочоқи  маводи мухаддир  ва муҳоҷирати мардум дар ин кишвар афзоиш ёфтааст».

«Ҳамаи мо медонем, ки Афғонистон як кишвари этникӣ ва дорои мазҳабҳои гуногун аст ва танҳо дар партави иштироки ҳама қавмҳо, динҳо, гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ метавон умед дошт, ки ин кишвар аз бӯҳрон берун ояд, аммо  нодида гирифтани яке аз инҳо, маънои ворид шудани Афғонистон ба ояндаи норушан ва бесубот мебошад», — гуфт ӯ.

Шамхонӣ дар идома таъкид кард: «Ягона роҳи наҷоти Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама қавмҳо ва мазҳабҳост».

Ӯ ба ширкаткунандагони нишасти амниятии Ҳинд гуфт: «Мо ҳоло дар Афғонистон бо таҳдиде рӯбарӯ ҳастем, ки метавонад як ҷузъи нақшаи истилогарон барои минтақа бошад ва ҳадафҳои онҳоро пеш барад».

Ба гуфтаи Шамхонӣ, ин таҳдид аз «ҳузур, афзоиш ва тавсеъаи гурӯҳҳои террористии ДИИШ* ва такфирӣ аз як сӯ ва хатари ҷанги мазҳабӣ дар Афғонистон аз сӯи дигар» маншаъ мегирад. «Ин барои ҳамаи мо дар минтақа, чӣ ҳамсояҳо ва чи ғайри ҳамсояҳо, мушкил хоҳад буд», — афзуд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахусти мавзеъгирӣ дар қазияи Афғонистон ягона роҳи бурунрафт аз вазъияти буҳронии имрўзаи Афғонистонро ба ташкили ҳукумати фарогир рабт дода буданд.

                                                      АКС аз манбаъҳои боз









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028