Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ВОХӮРӢ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАИ ҶӮЙБОДОМ” — HHDT

ВОХӮРӢ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ МАҲАЛЛАИ ҶӮЙБОДОМ”

Дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, татбиқу таблиғи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешгирӣ аз сироятёбии ВНМО ва коронавируси навъи COVID-19 бо сокинони маҳаллаҳое, ки аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардиданд таҳия ва тасдиқ гардид.

Тибқи ҷадвали мазкур имрӯз бо истиқоматкунандагони маҳаллаи Ҷӯйбодом дар МТМУ №116 вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ Қурбонзода У.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Зувайдуллозода М.Ҳ. — аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Бухоризода Қ.М.- директори Маркази бемориҳои пуст ва зуҳравӣ, Исозода М- намояндаи Бахши САҲШ-и ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баъд аз суханрониҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои худ посух гирифтанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028