Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад — HHDT

Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад

Аз 15 то 20 ноябр дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»  Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе  баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ,  омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии  ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон роҳандозӣ мегардад.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи ҳафтаи мазкур баргузории Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсонӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии иштирокчиёни бахшҳои озмунии Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе, конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз бахши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, намоишгоҳи дастовардҳои инноватсиониву технологӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе дар назар аст.

Дар охири ҳафта ба ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсати маориф ва Мактаби рушди истеъдодҳо тақдим мегардад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028