Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад — HHDT

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад

 Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ  гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе   дар доираи  нақшаи чорабиниҳои  тасдиқшуда   баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт  ва  мусобиқаҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.

Тибқи қарори дахлдори  Раиси шаҳри Душанбе,  муовинони Раиси шаҳр,  раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои  таъмини  иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкур  вазифадор гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки  15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.

Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028