Озмуни “Расоми беҳтарин” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва дарёфти чеҳраҳои соҳибистеъдоду болаёқат миёни кӯдакону наврасон озмуни “Расоми беҳтарин”-ро зери унвони “Парчам – муаррифгари давлату миллат” дар боғчаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор менамояд.

Озмуни мазкур дар ду марҳилла (дар сатҳи ноҳияҳои пойтахт то санаи 20 ноябр ва шаҳри Душанбе то санаи 23 ноябр) дар 3 номинатсия: барои кӯдакони боғчаҳо, барои кӯдакони то синни 10 сола ва кӯдакони то синни 15 сола баргузор мегардад.

Шартҳо дар номинатсияҳо:

Барои кӯдакони боғчаҳо:

Кашидани расм дар васфи Ватан, муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ ва манзараҳои зебои кишвар;

Муаррифии худ ва аҳли оила;

Хондани шеър ва суруд дар васфи Ватан;

Хондани китоб;

Барои кӯдакони то синни 10 сола:

Кашидани расм дар васфи Ватан, муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ ва манзараҳои зебои Ватан;

Тасвири Парчам;

Хондани шеър ё суруд дар васфи Ватан;

Аз ёд донистани Суруди миллӣ.

Барои кӯдакони то синни 15 сола:

Кашидани расм дар васфи Ватан, муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ ва манзараҳои зебои Ватан;

Тасфири Парчам ва Нишони миллӣ;

Шумораи китобҳои хондашуда.

Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот ва дигар ҳамоҳангсозони озмун сарфароз гардонида мешаванд.

Дар ҳар як номинатсия 3 ҷой, як ҷойи якум, як ҷойи дуюм ва як ҷойи сеюм муқаррар гардидааст.

Барои маълумоти бештар; шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21, тел: (883)227.35.83, почтаи электронӣ: hhdt_dushanbe@mail.ru









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028