Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
13-СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР: МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “САДОҚАТ” — HHDT

13-СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР: МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “САДОҚАТ”

Бахшида ба 13-солагии фаъолияти телевизиони “Ҷаҳоннамо” дар ташкилоти ибтидоии “Садоқат” маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар маҷлис Мирзозода Иброҳим-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суҳбат зикр гардид, ки телевизиони “Ҷаҳоннамо” ба сифати як пойгоҳи иттилоотии муътамад, шабакаи сартосарӣ ва пахши барномаҳои бетанафус тули 24-соат дар миёни васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Шабакаи “Ҷаҳоннамо” бо иттилои тоза, саривақтӣ, дақиқ ва саҳеҳ аз дохил ва хориҷи кишвар, таблиғи ғояҳои Ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии сарзамин, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум, афзалият додан ба арзишҳои умумибашарӣ, демократия, сулҳу субот, инсонпарварӣ, мусоидат ба равандҳои созандаи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миллату давлати Тоҷикистон фаъолияти назаррас дорад.

Инчунин як гурӯҳ фаъолон дар лаҳзаи тантанавӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотирравӣ сарфароз гардиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028