
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо Литсейи касбии хизмат ва туризм бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Ориёно” конференсияи илмӣ-амалиро дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон-Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон” доир доир намуд.
Сароғоз меҳмонон аз намоишгоҳ ва дастовардҳои ташкилоти ибтидоии “Ориёно” боздид намуда, баҳои баланд доданд.
Сипас дар конференсия Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Муҳаммад Ғойиб-Шоири халқии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд. Гулаҳмадзода Зулфиқор зимни суханронии худ афзуд, ки таҷлили Рӯзи Президент падидаи ифтихорӣ буда, ҳамзамон як мактаби омӯзиш аз корнамоиҳои созандаву ватандӯстонаи Пешвои миллат барои насли ҷавон арзёбӣ мегардад. Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бунёдгузори давлати миллии тоҷикон ва Президенти сулҳофар нақши калидӣ дошта, якпорчагии сарзамин, Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва зиндагии шоиистаро барои ҳамватанонаш таъмин намудааст.
Муҳаммад Ғойиб-Шоири халқии Тоҷикистон зимни баромади хеш барои аҳли нишаст ва иштирокдорони конференсия аз корномаи ватансозии Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда, аз ашъори худ шеърҳои ватандӯстона қироат кард. Сониян акси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи хотирравӣ бахшида ба Рӯзи Президент ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ тақдим гардида, як гурӯҳ фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар интиҳо аҳли ҳунар ва донишҷӯён бо пешниҳоди барномаҳои ҷолиби консертӣ ҳозиринро болидахотир намуданд.