
Тибқи барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз дар Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе суҳбату вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрии имрӯза Олимов Муҳаммад — мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ғафорзода Юсуф- мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Раҷабов Носирҷон- мудири шуъбаи кор бо ҷавонон дар Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Муҳаммад Олимов суханрони намуда ҳамаи меҳмононро ба вохӯрӣ хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи миллӣ, Ваҳдати миллӣ, инчунин пешрафти иқтисодиёти мамлакат хеле назаррас буда, мардуми тоҷик ин корнамоиҳоро ҳеҷгоҳ нахоҳад фаромӯш кард.
Сипас Ғафорзода Юсуф дар мавзӯи Мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ба ҳозирин ироа намуд.
Дар фарҷоми вохӯри донишҷуён ба саволҳои худ аз меҳмонон посух гирифтанд, ба якчанд фаъолон бо ифтихорномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.