Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ — HHDT

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷамъомаду маҷлисҳои тантанавӣ доир гардид. Маҷлисҳо бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳиби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ бо садо додани Суруди миллӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Консерваторияи миллии Тоҷикистон”, “Тоҷикаэронавигатсия”, “Роҳи умед”, “Ҳамрайъӣ”, “Зиддиинҳисорӣ”, “Донишвар”, “Назоратчӣ” “Дизайн”, “Навовари ҷавон”, “Маориф” ва “Хокшинос”ағоз гардид. Сипас баромадкунандагон иброз доштанд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлати Тоҷикистон, эътибори олии дахлнопазирии Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънавӣ ифодаи қонунии худро пайдо намудаанд. Зикр шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷумлаи дастоварҳои мардуми шарифи тоҷик буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар интиҳо ба ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ китоби Конститутсия тақдим карда шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028