
Китоб дар ҳама давру замон барои пешрафту рушду такомули шахсият ва тарбияву боло бурдани ҷаҳонбинии ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб меравад. Рушди соҳаҳои мухталиф маҳз аз донишу китобхонии бештари мутахассисону кормандон вобастагии амиқ дорад.
Бо дарки ҳамин мазмун, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд.
Китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар як қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳимми таълиму тарбия, дўсти беғараз ва роҳнамо ба сўйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст. Вобаста ба ин, ҳар сол дар ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявӣ «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Вобаста ба ин, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ба тавари васеъ тарғибу ташвиқ намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», аксияи умумишаҳриро таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз” баргузор намуд, ки аз ҷониби аъзои фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба сокинону меҳмонони пойтах китобҳои илмиву бадеӣ тақсим карда шуд.