Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ба Тоҷикистон аз Чин 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ва 502 ҳазор дона сӯзандору ворид карда шуд — HHDT

Ба Тоҷикистон аз Чин 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ва 502 ҳазор дона сӯзандору ворид карда шуд

Шаби 7 ноябр аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac»-и истеҳсоли ширкати «Sinovac Research & Development Co. Ltd» ва   502 ҳазор дона сӯзандору ҳамчун кумаки башардӯстона ворид  карда шуд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории дуҷониба ва мутақобилан судманд анҷом дода шуда,  дар маросими қабули ваксина дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Чин дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  то имрӯз зиёда аз 5 миллиону 686 ҳазору 800 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шуд.

 АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028