Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати корҳои дохилӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд — HHDT

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати корҳои дохилӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Амирбекзода Назира аз вазифа озод гардида, ба ин вазифа Асламшоева Нилуфар Давлятназаровна таъин гардид.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори марказии Вазорати корҳои дохилӣ, шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сардорони воҳидҳои дастгоҳи марказии вазорат, тағйироти кадрӣ намуданд.

Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида дастур доданд, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ва оинномаҳои хизматӣ фаъолият намуда, бар зидди ҳамагуна ҷиноят ва қонуншиканӣ мубориза баранд.

Бо дарназардошти авзои печидаву мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақа, таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил дар таъмини амнияту суботи кишвар бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ ва истифодаи технологияи муосир муваффақияти ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, дар пешгирӣ ва мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва маблағгузории гурӯҳҳои ҷинояткори эккстремисти нақши муассир дорад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз содиршавии ҳамагуна ҷиноят ва боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз дигар манфиатҳо аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буданд.

«Ҳар кадоми Шумо – кадрҳои ҷавону ояндадор ҳастед, таҷрибаи корӣ доред ва ҳамчун мутахассисони касбӣ шинохта шудаед. Бо мардум робитаи наздик дошта бошед, то дар ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ гардед» — таъкид намуданд Сарвари давлат дар фарҷоми мулоқот.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028