
Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — санади тақдирсозу муқаддаси миллат» дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Мирзозода Иброҳим -Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Дониёр Сангинов – мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Бобоев Фирӯз — муовини сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назирмадзода Даврон Назирмад – роҳбари дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва аъзои фаъоли ҲХДТ аз кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.
Сараввал Мирзозода Иброҳим -Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳизбиёни пойтахтро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, қайд намуданд, ки Ҳамасола дар мамлакат 6 — уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Конститутсия барои ҳар давлату кишвар шакли олии падидаи ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дар давраҳои гуногун баҳри таъмини гузариши ҳаёти ҷамъиятӣ аз як марҳила ба марҳилаи дигари нави инкишоф қабул мешавад.
Дар ин замина, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарғиби Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад.
Ҳамзамон дар рафти ҳамоиш Дониёр Сангинов дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рушдбахшандаи кишвар», Бобоев Фирӯз дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар эҳёи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Назирмадзода Даврон Назирмад дар мавзӯи «Аҳамияти таърихӣ ва зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор фаъолони ҳизби пойтахт бо ифтихорнома ва сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.