Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Душанбе соли 2022 мизбони ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз мегардад — HHDT

Душанбе соли 2022 мизбони ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз мегардад

Интизор меравад, ки соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз доир шуда, ҳамзамон Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз ба имзо расад.Ин ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди иқлими сабз дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва директори минтақавии Фонди иқлими сабз Па Оусман Чарчу дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.Ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, ки мусоҳибон инчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои бо маблағгузории Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон амалишаванда, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ бо ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабзро баррасӣ намуданд.Баҳодур Шерализода ва Па Оусман Чарчу ҳамзамон дар масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, ки дар стратегияҳои миллӣ дарҷ гардидаанд, ба мувофиқа расиданд.АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028