
Бахшида ба истиқболи Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе мачлисҳои тантанавӣ баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла санаи 3 ноябри соли ҷорӣ таҳти унвони “Конститутсия — бахтномаи миллати тоҷик” дар кумитаву ташкилотҳои ҳизбии “Эҳё”, “Роҳнамо”, “Сино”, “Гипократ”, “Ҷеҳра”, “Суғуртаи Душанбе“ ва “Ҷом” маҷлисҳои тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлисҳои мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия И. Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар, пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат буда, роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас менамояд. Ҳамчунин, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгари давлату миллат ва манфиатҳои ҳар як сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар марҳилаҳои нахустини рушди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик қабул гардидани Конститутсияи худ як руйдоди таърихӣ ва дастоварди бузурги миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки ҳамасола, рӯзи 6-уми ноябр Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон чашн гирифта мешавад ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо фараҳу шодӣ ва дастовардҳои шоёни меҳнатии худ пешвоз мегиранд.