Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Конститутсия танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти инсонист — HHDT

Конститутсия танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти инсонист

«Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад»,-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Боиси зикри махсус аст, ки қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли миллии мо ба шумор рафта, он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мардуми кишвар шуморида мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Бо хушнудӣ метавон иброз намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шомил мешавад.

Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашнгирии 27-умин солгарди ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарифи кишварамон онро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил хоҳанд намуд.

Масъалаи қабули Конститутсия ҳанӯз дар Иҷлосияи ХVIII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Зеро, ки қабули Конститутсия дар ҷодаи бунёди заминаҳои давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аҳамияти хоса дошт. Дар Иҷлосияи ХVIII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ гузоштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Дар он замон Сарвари давлат дар Конститутсия зикр ёфтани масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, демократияи сиёсӣ, шаклҳои идораи давлатӣ, андешаҳои хосаи хешро иброз намуданд, ки аз ҷониби ҳозирин хуш пазируфта шуд.  Пешвои миллат он замон дар мавриди гуногунандешии сиёсӣ чунин ибрози ақида намуданд: «Табиист, ки давлати тозабунёди тоҷикон, агар он аз қатори давлатҳои мутараққӣ ва мутамаддин ҷой гирифтанӣ бошад, бояд аз арзишҳои умумибашарӣ пуштибонӣ кунад. Гуногунандешии сиёсӣ аз ҷумлаи чунин арзишҳост, ки мо онро қабул дорем».

Дар Иҷлосияи ХIХ Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мавриди муҳокима қарор ёфт. Дар иҷлосияи мазкур  марҳилаҳои асосии таҳияи лоиҳаи Конститутсия зикр ёфтанд. Ҳайати корӣ аз аввали моҳи ноябри соли 1993 ба кор оғоз намуд ва бо истифода аз таҷрибаи бойи ҷаҳонӣ лоиҳаро таҳия намуд. Аз 13-уми апрели соли 1994 лоиҳаи Қонун ба муҳокимаи халқ пешниҳод гардид. Дар тўли зиёда аз ду моҳи муҳокима беш аз 8,5 ҳазор пешниҳодҳои мардуми кишвар ба он ворид гардиданд. Аз ин лиҳоз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсияи халқӣ меноманд, зеро дар таҳияи он худи халқ мавқеи худро гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз  суханронҳои худ,  роҷеъ ба аҳамияти таърихии Конститутсия чунин ибрози ақида намуда буданд: «Муҳимтар аз ҳама Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчунин субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем». Мақсади Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи кишварамон бо қабули ин қонун  бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буд, ки хушбахтона имрӯзҳо мо самари онро дидаистодаем.

Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки ҷашни  27-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.

Давлатзода Ҳангома Рустам-мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028