Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАДАД” ТАЪСИС ЁФТ — HHDT

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАДАД” ТАЪСИС ЁФТ

Бахшида ба 27-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар клиникаи ба номи Нусратуллоев ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” таъсис дода шуд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Вализода Муҳаммад дар нахустин маҷлиси таъсиси ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуда, дар лаҳзаи тантанавӣ ба аъзоёни батозагӣ дар сафи ҲХДТ қабулшуда шаҳодатномаҳои ҳизбиро тақдим намуд. Сипас ташкилоти ибтидоии “Мадад” номгузорӣ шуда, бо ҷонибдории ҳамаи аъзоёни ташкилот Нусратуллоева Моҳхоним-Раис ва Каримова Тахмина котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

Ҳамзамон бобати нақши созандаи ҲХДТ дар таҳкими давлатдории миллӣ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастию худшиносии ҷавонон, расидан ба зиндагии шоистаи мардум, намунаи ибрати дигарон будани ҳар як аъзои ҲХДТ дар ҷомеа ва дигар масоили дохилиҳизбӣ сухан рафт.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028