Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ-КОНСТИТУТСИОНИИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ — HHDT

АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ-КОНСТИТУТСИОНИИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Мафҳуми худидоракунии маҳаллӣ дар таҷриба ва қонунгузории Тоҷикистон нисбатан нав аст. Падидаи ҳуқуқӣ-конститутсионии худидораи маҳаллӣ аввалин маротиба бо роҳи ба боби 14 Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 дохил кардани тағйироту илова ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1991 “Дар бораи худидоракунии маҳаллӣ ва хоҷагидории маҳаллӣ” пайдо гардид.

Мувофиқи қонуни мазкур ва тағйироту иловаҳои Конститутсияи соли 1978 худидоракунии маҳаллӣ хислати конститутсионӣ пайдо кард. Муқаррар карда шуд, ки низоми худидоракуниии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Совети маҳаллии вакилони халқ, мақомоти марзии худидоракунии ҷамъиятӣ, раъйпурсии маҳаллӣ, маҷлисҳои шаҳрвандон ва дигар шаклҳои демократияи бевоситаро дарбар мегирад. Худидоракунии маҳаллӣ дар қаламрави якчанд деҳот ва ё воҳидҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси се сатҳ амалӣ карда мешуд:1) Совети шаҳрак;2) Қишлоқ;3) Ноҳия, шаҳр, ноҳия дар шаҳр, вилоят.Зинаи асосии худидоракунии маҳаллӣ Совети маҳаллии вакилони халқ мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз нисбатан нав будан ва ҳанӯз кам будани таҷрибаи кори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот устувор гашта истодааст. Ин бесабаб нест, зеро ки ин таҷриба ба мардуми ҷумҳурӣ шинос буда, решаҳои он ба шӯрои мӯйсафедон, комитетҳои маҳаллӣ, маҷлиси аҳолӣ дар ҷои истиқомат ва ғайра пайвандӣ дорад.Азбаски бо дарки моҳият ва татбиқи қонунҳо дар бораи худидоракунии маҳаллӣ ҳанӯз дар ҷумҳурӣ мушкилие ба назар мерасад, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 асоси ҳуқуқии ташкилёбӣ, фаъолият ва низоми худидораи маҳаллӣ хеле маҳдуд гардид. Дар моддаи 78 муқаррар карда шуд, ки мақоми худидоракунии шаҳраку деҳа ҷамоат аст. Дар раъйпурсии конститутсионии соли 2003 ба ин меъёр илова карда шуд, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.Ин меъёр асоси қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” аз 1 декабри соли 1994 гардид. Қонуни мазкур мафҳуми худидоракунии маҳаллиро ҳамчун низоми ташкили фаъолияти аҳолӣ барои мустақилона ва таҳти масъулияти худ мустақиман ё ба воситаи мақомоти интихобкардаи худ дар асоси қонунҳои ҶТ ҳаллу фасл намудани масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ муайян кард. Сатҳи худидоракунии маҳаллиро онҳо дар ҳадди шаҳраку деҳа муайян карданд. Мувофиқи қонуни мазкур мақомоти худидоракунии маҳаллӣ масъалаҳоеро, ки ба салоҳияти онҳо дахл доранд, мустақиман ва ё ба воситаи намояндагони худ ҳаллу фасл менамоянд.Бо мақсади мукаммал намудани қонунгузорӣ ва бартараф кардани нуқсонҳои қонуни пешина 5 августи соли 2009 Қонуни нави ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул карда шуд, ки дар устувор гардидани ғояи худидоракунии маҳаллӣ давраи нав гуфтан мумкин аст. Зеро ки мувофиқи он ба масъалаҳои ташкил, салоҳият ва фаъолияти Ҷамоат чанде тағйиротҳои ҷиддӣ дохил карда шуданд.Мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот мувофиқан Ҷамоати шаҳрак ва Ҷамоати деҳа мебошад. Онҳо шахси ҳуқуқӣ буда, аз рўи усули марзӣ ташкил меёбанд ва фаъолияти онҳо дар рушди деҳот мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мақомоти давлатӣ сурат мегирад. Ҳуқуқи иштирок дар ташкил ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба шаҳрвандони ҶТ, ки синнашон ба 18 расидааст ва дар марзи шаҳрак ва деҳот истиқомат мекунанд, дода шудааст.Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои зерини фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро муқаррар кард:- қонуният ва адолати иҷтимоӣ;- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;- демократия, ошкорбаёнӣ ва ба эътибор гирифтани афкори омма; мустақилият, худидоракунӣ ва масъулият дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта;- ҳисоботдиҳанда будан дар назди аҳолӣ;- иштироки шаҳрвандон дар худидоракунии маҳаллӣ; мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ;- дастҷамъӣ будани фаъолияти Ҷамоат.Бояд қайд кард, ки татбиқи амалии ин усулҳо ба устувор гардидани робитаи Ҷамоат бо аҳолӣ, сазовор гаштан ба боварии аҳолӣ ва ривоҷ ёфтани иштироки онҳо дар амалӣ намудани вазифаҳои худидоракунии маҳаллӣ мусоидат менамоянд.Дар давлати демократӣ ташкил ва амалӣ шудани ҳокимияти давлатӣ ба усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ асос меёбад, ки он бо усули худидоракунии маҳаллӣ ҳамҷоя мебошад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши мақомоти худидораи маҳаллӣ дар рушди деҳот хеле баланд мебошад.Бояд хотиррасон кард, ки сатҳи баланди кафолатнокии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд тақозои такмили қонунгузории ҶТ дар бораи худидораи маҳаллӣ, дар рушди деҳот инчунин тадқиқоти илмии мушкилоти дар ин самт бударо ба миён мегузорад. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон соли 2019 ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.Муҳтавои асосии пешниҳоди Сарвари давлат низ аз он иборат мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии сатҳи деҳот таваҷҷуҳ ва неруи бештар равона созанд. Чунки амалишавии бештари ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон дар сатҳи маҳал бевосита ба корҳои ташкилии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ зич алоқаманд мебошанд.Бояд қайд намуд, ки иштироки фаъоли аҳолии маҳал дар ташкили фаъолияти худидоракунии маҳаллӣ дар самаранок амалишавии сиёсати ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд.Давлатмурод ОЛИМЗОДА,муаллими калони кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Академия









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028