Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
АРТИШИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ ШУҶОАТУ ДАЛЕРӢ. 20 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуданд — HHDT

АРТИШИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ ШУҶОАТУ ДАЛЕРӢ. 20 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуданд

Бо натиҷагирӣ аз сатҳи баргузории чорабиниҳои рўзи аввал ва даъвату гусели саривақтии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ тайи як моҳи сипаригардидаи маъракаи даъвати тирамоҳӣ аллакай зиёда аз 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинигардида гузориш доданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо оғоз гардидани чорабиниҳои даъватӣ дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар нахустин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро пурра ба анҷом расониданд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз якуми октябри соли равон даъвати тирамоҳии шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар мамлакат ҷараён дошта, аллакай аз оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ як моҳ сипарӣ гардид.

Дар миёни шаҳру навоҳии мамлакат пас аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе дар ҷадвали натиҷаи даъвати тирамоҳӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешсаф буда, иҷрои нақшаи даъват дар пойтахти кишвар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Иҷрои нақшаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ давоми як моҳи сипаригардида дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 80%, дар вилояти Суғд 56% ва дар вилояти Хатлон 54 %-ро ташкил медиҳад. Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ то имрӯз иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб 70%-ро дар бар мегирад.

Ҷиҳати иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳравандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028