
Санаи 1 ноябри соли ҷорӣ дар доираи низомномаи озмуни фарҳангӣ – маърифатӣ таҳти унвони “Оилаи намунавӣ” ё “Оилаи беҳтарини ҷавон” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳайати ҳакамон аз намоиши оилаҳои Мирзоназаровҳо, Обидовҳо ва Муъминовҳоро дидан намуд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмуни фарҳангӣ – маърифатӣ таҳти унвони “Оилаи намунавӣ” ё “Оилаи беҳтарини ҷавон”-ро дар ду марҳила, яъне марҳила (дар сатҳи ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе) баргузор гардида, беҳтаринҳо қадрдонӣ мегарданд.
Шартҳои озмун:
1. Муаррифӣ (1 дақиқа);
2. Бахши рӯзгордорӣ: Омода намудани навъи таом барои нишасти нисфирӯзӣ. Эзоҳ: иштирокчиён таомро дар хона тайёр карда, дар озмун ба ҳайати ҳакамон пешниҳод менамоянд (пешаки навори видеои омода карда шавад), (2 дақиқа барои ҳайати ҳакамон);
3. Бахши маънавӣ: Саволу ҷавоб вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғайраҳо (4 дақиқа);
4. Бахши фароғатӣ: Қироати шеър, сароидани суруд, аз ҷумла аллаи модар, иҷрои рақс ва ғайра (4 дақиқа);
5. Бахши ҳаҷвӣ: ба иштирокчиён саволнома пешниҳод мешавад, бояд ба таври шухиомез ҷавоб гардонанд (3 дақиқа);
6. Бахши фарҳангӣ: Иҷрои саҳнаи тарбиявӣ вобаста ба маърифати оиладорӣ бо иштироки аъзои оила (7 дақиқа);
7. Бахши андарзӣ: Иштирокчиён метавонанд ба дигарон суханони пандомез ва насиҳат намоянд, инчунин вазифаҳои мард ва занро дар оила муайян намуда, ба дигарон ироа созанд (1 дақиқа).
8. Бахши андарзӣ: Тасвир ва тавсифи китобҳои хондашуда нисбат ба оила ва оиладорӣ бо иштироки аъзоёни оила” (5 дақиқа).
9. Бахши фарҳангӣ: Аз ҷониби аъзоёни оилаҳо пешниҳод намудани малакаҳои корҳои дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (5 дақиқа).
Бояд қайд намуд, ки ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ мегарданд.