
Санаи 30 октябри соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халции Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ шанбегии дастаҷамъона бо иштироки фаъолони ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии «Ҳаёт”, “Насли солим”, “Заргарӣ ”, “Алоқачӣ”, “Омӯзгор” баргузор гардид. Зимни баргузории шанбегии дастаҷамъона гирду атрофи биноҳои корӣ ва роҳравҳои корхона ва хонаҳо аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тозаю озода намуда дар заминҳои бекорхобида гулу буттаҳо шинониданд. Бо ин амал аъзои ҳизб дар тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи бинои корӣ ва амалӣ намудани муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе оид ба “Шаҳри гулрез”табдил додани пойтахти азизамон саҳми худро гузоштанд.