
Санаи 30 октябри соли равон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино шанбегии дастаҷамъона бо иштироки фаъолони ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии «Муборак», «20 солагии Ваҳдат», «Кафшерчӣ», «Пешво», «Оламафрўз», «Нури Пешво», « Дандонпизишк», «Мусофирбар», «Саломат», «Вори сони Сино», «Ояндасоз», «Маркази Педиатрӣ”, «Бойтор», «Мушфиқ», «Парчамбардорон», «Табибони ҷавон”, “Дардошно” бо иштироки роҳбарият ва аъзоёни ҳизбӣ ташкилот шанбегии дастаҷамъона доир гардид.Зимни баргузории шанбегии дастаҷамъона гирду атрофи биноҳои корӣ ва роҳравҳои корхона ва хонаҳои истиқоматӣ аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тозаю озода намуда, дар заминҳои бекорхобида гулу бутаҳо шинониданд. Бо ин амал аъзои ҳизб дар тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи бинои корӣ ва ва амалӣ намудани муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе оид ба “Шаҳри гулрез”табдил додани пойтахти азизамон саҳми худро гузоштанд.