
Санаи 30 октябри соли равон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур шанбегии дастаҷамъонаи кормандону фаъолони ҳизбии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиён» дар боғчаи №24, №44, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №107, №108, №20, №65, №41, №105, №104, №31, №29, №35, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ташкилотҳоии ибтидоии “Ориёно”, “Адолатпарвар”, “Донор”, Зидиинҳисорӣ”, “Хокшинос”, “Орифон”, “Бунёдкор”, “Лаёқатмандон”, “Мадади Сино”- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тозагӣ гаравӣ саломатист» бо саҳмгузорӣ дар иқдомоти Раиси шаҳри Душанбе оид ба “Шаҳри гулрез” табдил додани шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур иштирокчиён , аз ҷумла аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” кӯчаву роҳрав, атрофи биноҳои маъмуриву истиқоматиро аз партов ва ҳар гуна алафҳои худрӯй тоза намуда, дар заминҳои бекорхобида гулу буттаҳои ороишӣ шинониданд.Кормандону фаъолони ҲХДТ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ободонии Ватани азизамон саҳми босазои хешро гузоранд.