
Албатта, бо шарофати соҳибистиқлол гардидани давлат сарнавишти миллат бо дасти худаш иншо гардида, шакли идораи давлатӣ, асосҳои сохти конститутсионии ниҳодои давлатию ҷамъиятӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, самти сиёсати дохилию байналмилалии он ва дигар масоили муҳими давлатӣ мустақилона муайян карда мешавад. Дар ин росто, шароити инкишоф ва ташаккулу такомули давлатдорӣ дар бисёр ҳолат аз сатҳи инкишоф ва танзимёбии муносибатҳои ҷомеа вобастагии зич дорад. Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дорои ҳама махсусятҳои давлатдории муосир муарифӣ намуда, барои асос гузоштани пояҳои бунёдии давлатдории миллии тоҷикон имконият фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушараф гардидан ба ин сатҳи баланди сиёсию ҳуқуқӣ ба марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихӣ қадам гузошт. Дар ин марҳила шароитҳои инкишофёбии муносибатҳои ҳуқуқии кишвар тақозо менамуд, ки танзими ҳуқуқии демократии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳамин вобастагӣ такмили мақомти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воқеона иҷро гардидани вазифаи қонунан ба уҳдадоштаи онҳо, махсусан дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ амалан, зуҳур намояд. Аммо, пӯшида нест, ки дар оѓози давлатдории муосири миллӣ зуҳури ҷанги таҳмилии шаҳрвандии дар кишвар ба вуқуъ пайваста, сатҳи инкишоф ва ташаккули падидаҳои ҳуқуқӣ, танзими муносибатҳои мураккабгаридаи ҷамъиятӣ, ҳолат ва фаъолияти қонунии мақомоти фавқуззикрро дар сатҳи номусоид қарор дода, барои таъмин гардидани эътироф риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва дигар арзишҳои олии инсонӣ монеъаи ҷиддӣ ба бор оварда буд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқи то ин замон амалкунандае, ки масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва таъмини адолати иҷтимоиро ба танзим медароварданд, низ ба шароити нав ҷавобгӯ набуданд. Ба идомаи чунин вазъияти буҳронии ҳуқуқӣ қабули конститутсияи нав нуқта гузошт. 6- ноябри соли 1994, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардида, дар заминаи он низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуд, ки ин ҳолат марҳилаи муҳимтарин азнавташаккулёбии мақомоти давлатӣ ва татбиқи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гардид. Эълон гардидани муқаддас шуморидани озодӣ ва ҳуқуқи шахс аз номи халқи Тоҷикистон дар муқадимаи ин санади олии меъёрии кишвар, ки мақсади қабул намудани онро ифода менамояд, мустаҳакам гардида, ҳамчун ғояи конститутсионӣ дар муайян намудани ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд нақши асосӣ бозида, дар дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқи таҷассум ёфтааст. Бо дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ мустақил, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ шинохта шуда, арҷгузорӣ ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва афзалиятноки давлат муқаррар гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории нави миллиро аз самти ҳуқуқӣ расмӣ гардонида, таҳкурсии ин давлат, шакл, вазифаҳо ва моҳияту ҳадафи онро муайян намуд. Дар ин росто, моҳияти иҷтимоии давлат ва мантиқан, ҳадафи асосии он барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муайян гардид. Ҳолати ҳӯқуқии инсон ва шаҳрванд дар боби алоҳидаи Конститутсия мушаххасан, ба танзим дароварда шуда, усулҳо ва кафолати эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар карда шуд. Дар ҳамин замина номгӯи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд васеъ гардонида шуда, кафолати онҳо эълон гардидааст. Як қаттор падидаҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии марбут ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз қабили шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии инсон, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар боби мазкур муттаҳид карда шуда аст, ки онҳо дар маҷмӯ ҳамчун маҳаки муайянкунандаи мақоми инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва давлат нақш мебозанд. Маҳз ҳамин меъёрҳо уҳдадории давлатро ҷиҳати эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамоянд. Мусаллам аст, ки ба сатҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста ба он баҳо дода мешавад, ки давлат онҳоро дар қонунгузории миллии худ дар кадом сатҳ муқаррар намуда, амамлигардонии онҳоро чӣ гуна кафолат додааст. Маврид ба зикр аст, ки дар фарқият аз қонугузории даврони пешин дар замони соҳибистиқлолият номгӯи падидаҳое, чун бехатарии шахсӣ ва озодии фардӣ, дахлнопазирии шахс ва кафолати ҳифзи судӣ тавсеа ёфта, вазифаҳо камшумор ва мушаххас гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ки падидаи ба танзим даровардани ҳолати ҳуқуқии инсон дар вазъияти фавқулодда низ, аввалин маротиба дар қонугузории замони соҳибистиқлоли кишвар таҷассуми худро ёфтааст. Сангов Тоҷиддинходими илмии Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ