
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур озмуни иншои беҳарин дар мавзӯи “Конститутсия — шаҳодатномаи миллат ва ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон” баргузор намуд.
Дар озмуни мазкур хонандагон аз муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуда, донишу маҳорат ва малакаи нутқи хаттии хуро истифода бурда, фаъолона иштирок намуданд.
Сароғоз масъулин бобати мавзӯҳои ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, ҳимояи мазру буми Ватан, омӯзиши илму адаб ва амсоли ин суханронӣ намуданд. Озмуни мазкур ҳамон рӯз ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун дар чорабинии фарҳангии бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.