Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ — HHDT

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

28 октябр дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар яке аз мавзеҳои мувофиқ барои сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд гардидааст, ба истифода доданд.Паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 метр, дарозии он 14 метр ва баландии сутунпояаш 36 метр буда, бо сифати баланд бунёд шудааст.Масоҳати майдони Парчами давлатӣ 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он кабудизор карда шудааст, ки дар ин ҷо барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам аст.Бо мақсади зебою назаррабо гардонидан дар майдони Парчами давлатӣ ниҳоли дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шуда, 1 фаввораи зебо бунёд гардидааст.Мавриди истифода қарор додани иншооти Парчами давлатӣ нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар саҳни он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028