Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ — HHDT

Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстиро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд гардидааст.Корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абдураҳмон-2013” анҷом дода, дар раванди амалисозии лоиҳаи мазкур зиёда аз 60 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба корҳои муваққатӣ ҷалб карда шуданд. Масоҳати умумии Боғи фарҳангию фароғатӣ 3 гектарро ташкил медиҳад.Дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ атраксионҳои кӯдакона, суҳбаткадаҳо, нишастгоҳҳо, фаввора, майдончаи варзишӣ, майдони волейбол, ду майдон барои тамрини бадан, ҷой барои бозии кӯдакон, ҷой барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳавзи об ва таршедҳо барои таъмини рӯшноӣ мавҷуд аст.Дар боғи мазкур дар масоҳати 6500 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ сурат гирифта, ҳамзамон навъҳои гуногуни дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулҳои нодири ороишӣ шинонида шудааст.Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ баъди азнавсозӣ ба як мавзеи зебою назаррабо табдил ёфтааст, ки дар он барои сайру гашти сокинон шароити арзандаи истироҳат фароҳам гардидааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028