Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МЕБЕЛИ “ИСТИҚБОЛ” ДАР ПОЙТАХТ — HHDT

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МЕБЕЛИ “ИСТИҚБОЛ” ДАР ПОЙТАХТ

Дар заминаи дастгирии бахши хусусӣ давоми солҳои охир самти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвари мо рушд намудааст. Бо ташаббуси сармоягузорон аз Ҷумҳурии Туркия ва саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт толори мебели «Истиқбол» ба фаъолият оғоз намуд.

Дар маросими баҳрабардории ин маркази муосири хизматрасонӣ, ки дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ мавқеъ дорад, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, намояндаи ширкати мебелбарории «Истиқбол» аз Ҷумҳурии Туркия ва соҳибкорони ватанӣ, ки ин марказро ташкил намудаанд, иштирок ва суханронӣ карданд. Масъулин ба дастгирии соҳибкорон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ махсус таъкид намуда, қайд карда шуд, ки давоми 2 соли охир танҳо дар ин кӯчаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиёда аз 10 иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки аксаран бо саҳмгирии соҳибкорон ба фаъолият оғоз намудаанд. Ҷойи таъкид аст, ки ин маркази савдою хизматрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар заминаи нақшачорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.

Фаъолияти чунин марказҳои савдою хизматрасонӣ имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандон мебели хушсифатро барои корхонаву идораи худ дастрас намоянд. Ёдовар бояд шуд, ки ширкати овозадори «Истиқбол» калонтарин корхонаи мебелбарорӣ дар Ҷумҳурии Туркия ба ҳисоб меравад ва дар аксар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон намояндагии худро ташкил намудааст.

Инак бо оғози фаъолияти ин маркази савдою хизматрасонӣ намояндагии ширкат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ташкил гардид. Дар заминаи сиёсати дурбинонаи роҳбарияти олии мамлакат ва дастгирии шаҳрдори Душанбе фаъолияти соҳибкорӣ дар пойтахт беҳтар гардида, соҳибкорон дар бахшҳои гуногун ташкили чунин марказҳои савдою хизматраосниро роҳандозӣ менамоянд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028