
Санаи 27-уми октябри соли ҷорӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсӣ бо иштроки Шоҳиён Абдураҳим – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Назирмадзода Даврон Назирмад — сардори шуъбаи умумии Суди шаҳри Душанбе ва фаъолони маҳалла дар бораи риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, татбиқиу таблиғи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Назирмадзода Даврон Назирмад оид ба ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ва уҳдадориҳои падару модар тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард.
Инчунин таъкид шуд, ки фарҳанги оиладориро барои ҷавонписарону ҷавондухтарон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” фаҳмонида бошем, иброз дошт Даврон Назирмад.
Зимни вохӯрӣ Абдураҳим Шоҳиён оид ба омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки дар дар давоми соли ҷорӣ аз рӯи ҳисоботи оморӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 477 оила ҷудо шуданд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки фарҳанги оиладории мо коҳиш ёфта истодааст.
Дар идомаи вохӯрӣ Шоҳиён Абдураҳим оид ба риояи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва хуруфотпарастии баъзе ашхоси ҷомеа ва инчунин оид ба сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ки яке аз омилҳои асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ин надонистани фарҳанги истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, қайд намуд А. Шоҳиён.