Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «САРБОЗ ҲОМИИ АМНИЯТИ ВАТАН АСТ» — HHDT

АКСИЯИ ИТТИЛООТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «САРБОЗ ҲОМИИ АМНИЯТИ ВАТАН АСТ»

Имрӯз дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аксияи иттилоотӣ таҳти унвони «Сарбоз ҳомии амнияти Ватан аст» дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар аксияи мазкур варақаҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаи намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе ба сокинон тақсим карда шуд.

Мақсад аз баргузории аксияи мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва пос доштани марзу бум ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

Ҳамин аст, ки рӯз то рӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардида, содиқонаву софдилона ба Ватан- Модар хизмат намуда истодаанд.

ҲХДТ –ҳизби тарбиятгару роҳнамо пайваста барои ба камол расонидани ҷавонони ҷасуру фидокор, ватандӯсту ҳимоятгар ва худшиносу худогоҳ нақши калидӣ мегузорад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028