
Санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 бо сокинони маҳаллаи Маърифати ноҳияи Фирдавсӣ бо иштроки Шоҳиён Абдураҳим – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Одиназода Шоҳона Сулаймон- сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, Назирмадзода Даврон Назирмад — сардори шуъбаи умумии Суди шаҳри Душанбе ва Кузибоева Зуҳро Садриддинова – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомаоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, татбиқи таблиғи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риояи Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Шоҳона Одиназода дар доираи риояи Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риояи фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишинӣ ибрози андеша намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ Назирмадзода Даврон Назирмад оиди ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ва уҳдадориҳои падару модар тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард.
Зимни вохӯрӣ Зуҳро Кузибоева оид ба омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки дар дар давоми соли ҷорӣ аз рӯи ҳисоботи оморӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 477 оила ҷудо шуданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 122 адад зиёд мебошад, иброз дошт Зуҳро Кузибоева.
Сипас, Абдураҳим Шоҳиён зимни баромад дар бораи риояи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва хуруфотпарастии баъзе ашхоси ҷомеа ва инчунин оид ба сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ибрози андеша намуда, таъкид сохт, ки имрӯзҳо иттилоот ба қудрати муассир табдил ёфтааст, мо уҳдадорем, ки фарҳанги истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонда бошем.