Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ХУД ВА НАЗДИКОНРО АЗ ЗУКОМ ЭҲТИЁТ КУНЕД! Беш аз 70%-и касалиҳои сироятиро бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ташкил медиҳанд — HHDT

ХУД ВА НАЗДИКОНРО АЗ ЗУКОМ ЭҲТИЁТ КУНЕД! Беш аз 70%-и касалиҳои сироятиро бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ташкил медиҳанд

ятиро бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ташкил медиҳанд

Бо фаро расидани мавсими сардӣ бемориҳои шадиди роҳҳои нафас авҷ гирифта, теъдоди гирифторони он меафзояд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, имрӯзҳо 70-75%-и бемориҳои сироятиро бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ташкил медиҳанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, оид ба сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо бо муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Абдулваҳоб Мадобидов суҳбат намуд.
-Дар шароити иқлими Тоҷикистон бештар вируси бемории зуком (намуди А ва В) (парагрипп, аденовирусҳо) ва риновирусҳо мушоҳида карда мешаванд. Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо, аз як тараф гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар, риояи нагардидани гигиенаи шахсӣ аз тарафи аҳолӣ мебошад,- зикр кард Абдулваҳоб Мадобидов.
Номбурда ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас зиёд ба қайд гирифта шуда, он дар байни кўдакон, шахсони калонсол (аз 60 боло), занони ҳомила ва нафарони дорои бемориҳои музмин, ки иммунитети баданашон паст аст, зуд паҳн шуда, дар баъзе ҳолат вазнин мегузаранд.
-Давраи ниҳоии ин бемориҳо аз 12 соат то 2-3 шабонарўз буда, аломатҳои асосии он ҳарорати баланд, дарди мушакҳо, сулфа, беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати вазнин ҷараён гирифтан ин беморӣ ба оризаҳои илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гўш низ оварда мерасонад,- илова кард мавсуф.
Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки «мутаассифона, дар аксар маврид шаҳрвандон ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла зуком ба мутахассисон, хусусан табибони оилавӣ муроҷиат накарда, ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оқибатҳои ногувор, яъне оризаҳои вазнин оварда мерасонад. Бинобар ин тавсия дода мешавад, ки зимни пайдо гардидани аломатҳои бемории зуком шаҳрвандон ҳатман ба табибони маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Манбаи асосии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас шахси бемор маҳсуб шуда, роҳҳои гузариш ҳавогию қатрагӣ мебошанд. Шахси бемор вирусро ба муҳити атроф тавассути атса, сулфа, суханронӣ паҳн менамояд”.
Ба андешаи табибон, яке аз роҳҳои пешгирии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас- ин истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои серодам мебошад. Баъд аз истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ (автобус, троллейбус, микроавтобус) дар хона ва ҷои кор дастҳоро бо собун шустан лозим аст. Ҳавои ҳуҷраро иваз кардан ва фаршро бо латтаи нам­нок пок кардан муфид мебошад. Ҳарорати хонаро бояд муътадил нигоҳ дошт.
Бояд шахси бемор ҳангоми атса ва сулфа даҳонро бо рӯймолча ва ё оринҷ пӯшонад, зеро ин роҳ эҳтимоли паҳншавии бемориро пешгирӣ менамояд.
Ҳамчунин обутоб додани бадан дар пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозад. Сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳат, пӯшидани либосҳои гарм ва истироҳати бомеъёр эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳоро кам менамоянд. Барои баланд бардоштани масунияти бадан ҳар гуна афшура, мева ва сабзавоти тару тоза истеъмол намудан хуб аст
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар назди Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ озмоишгоҳи вирусологӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, ки барои муайян намудани вирусҳои зуком нигаронида шудааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028