Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
НОМЗАД АЗ ҲХДТ БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ №58 ПЕШБАРӢ ГАРДИД — HHDT

НОМЗАД АЗ ҲХДТ БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ №58 ПЕШБАРӢ ГАРДИД

Дар Конференсияи XXXIII ғайринавбатии ташкилоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Нуршед Машрабов аз ҷониби ҲХДТ номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №58 пешбарӣ гардид.

Конференсия 22 октябр дар асоси қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар толори Кумитаи андоз баргузор шуда, дар он Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода, роҳбари маркази таҳлилии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ва 194 вакилон аз кумитаҳою ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.

Дар Конференсия номзадии Нуршед Машрабов аз ҷониби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №58 пешбарӣ гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вобаста ба масъалаи рӯзномаи конференсия ҳайати Раёсат ибрози андеша карда, дар охир вакилон номзадии Нуршед Машрабовро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар фарҷоми конференсия оид ба масъалаи баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028