Дар ташкилоти ибтидоии “Навовари ҷавон” бо ишитироки ҳизби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби ҷавонписарону, ҷавондухтарон ва омӯзгорони коллеҷи мазкур ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши зикрёфта масъулин оид ба масоили набзи ҷомеа, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону бонувон, маърифати оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зуроварӣ дар оила, тарбияи худогоҳию ватанпарастии ҷавонон, татбиқи қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” ва тарғиби идеологияи миллӣ суханронӣ намуданд.