
Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” бо ишитироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби бонувону донишҷӯдухтарон ва омӯзгорони донишгоҳи мазкур ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиши зикрёфта масъулин оид ба масоили набзи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону бонувон, маърифати оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зуроварӣ дар оила, тарбияи худогоҳию ватанпарастии ҷавонон, татбиқи қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” ва тарғиби идеологияи миллӣ суханронӣ намуданд.